Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон 9 нафари дигарро ба додгоҳ мекашанд


Ҷаласаи порламони Қирғизистон

Ҷаласаи порламони Қирғизистон

Додситони кулли Қирғизистон иттилоъ додааст, ки дастикам 9 корманди дигари пешин ва кунунии давлатӣ барои ришвахорӣ гунаҳгор эълон хоҳанд шуд. Онҳо қарордод бо ширкати конодоии Centerra Gold дар кони тиллои Кумторро имзо кардаанд.

Кумтор аз лиҳози захираи тилло дар ҷаҳон дар ҷои севвум қарор дорад. Захираи тиллои он 700 тон баршумурда шудааст. Вале он баландтарин кони тилло, яъне дар баландкӯҳ мебошад.

Ин кон дар масофаи 350 километр аз Бишкек, 60 километр аз Иссиқ Кӯл ва 60 километр аз марз бо Чин қарор дорад.

Додситонии кулл мегӯяд, 12 мақоми баландпояи давлатӣ, ки ин қарордодро имзо кардаанд, ба Қирғизистон танҳо 17 дарсади саҳмияро додаанд. Centerra Gold 83 дарсади саҳмияро дар ихтиёр доштааст. Вале дар соли 2009 ин қарордодро бозбинӣ карданд ва ба Қирғизистон 33 дарсади саҳмияҳоро додаданд.

Ҳафтаи гузашта порламони Қирғизистон тарҳи қарордоди нави ҳукуматро рад кард. Дар он Centerra Gold 50 дарсад ва Қирғизистон низ бояд 50 дарсад соҳиби саҳмия шаванд. Вале порламон мегӯяд, ки бояд Қирғизистон соҳиби 67 дарсади саҳмия бошад.
XS
SM
MD
LG