Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Нурӣ Ал Моликӣ бо Барак Обама мулоқот мекунад


Нурӣ Ал Моликӣ
Нурӣ Ал Моликӣ
Қарор аст рӯзи ҷумъа Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мулоқот анҷом диҳад. Як рӯз пеш Моликӣ гуфт, бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи нооромиҳо ва терроризм иқтисоди кишвараш барқарор мешавад. Бино ба гузориши СММ, соли ҷорӣ дар Ироқ 7 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Моликӣ ин суханонро дар Пажуҳишгоҳи сулҳи Амрико дар Вашингтон изҳор дошт. Моликӣ, ки хостори кӯмакҳои низомии Амрико мебошад, ёдоварӣ кард, ки шабакаи террористии Ал Қоида, талош дошт дар Ироқ “давлати исломӣ” бунёд кунад, вале шикаст хӯрдааст. Ба гуфтаи вай, кишвараш ба Ал Қоида шикасти қотеъ додааст ва мисли Либия ва Сурия нест, ки барои ноором кардан ба терроризм “имкони дубора “ додаанд.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ гурӯҳи сенаторон аз ҳар ду ҳизби Амрико дар номае ба Барак Обама Моликиро муттаҳам карданд, ки фаъолияти ҳукумати вай хушунатҳо дар Ироқро бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG