Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе варақаҳои райдиҳиро барои интихобот чоп карданд


Варақаҳои раъй барои интихоботи президентии Тоҷикистон дар чопхонаи ҳукуматии «Шарқи озод» ба нашр расидаанд. Дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин врақаҳо 4 миллиону 34 ҳазор нусха аст ва ба ҳавзаҳои интихоботии шаҳру вилоятҳо фиристода шудаанд. Бахши аъзами варақаҳо ба забони тоҷикӣ ва ҳамчунин ба забонҳои русӣ, узбакӣ ва қирғизӣ нашр шудаанд. Дар варақаҳои раъйдиҳӣ ному насаби 6 номзад аз рӯи алифбо оварда шудааст.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳоло аҳолии қобили раъйи Тоҷикистон ба беш аз 4 миллион нафар расидааст ва интихоботи 6-уми ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG