Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сурия дар 31 моҳи охир 120 000 нафар кушта шудаанд


Гурӯҳи фаъолони Сурия мегӯяд, ки дар давоми 31 моҳи даргириҳо дар ин кишвар бештар аз 120 000 нафар кушта шудаанд. Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия-марказаш дар Лондон гуфт, дар бораи куштори 120 296 нафар маълумот гирдоварӣ кардаанд ва 42 495 нафари онҳо ғаринизомиён будаанд. Чунин маълумот аз оғози нооромиҳо дар моҳи марти соли 2011 то моҳи октябрро дар бар мегирад.

Ин гурӯҳи нозирон ҳамчунин намуна овардааст, ки дар миёни кушташудагон 187 нафар аз гурӯҳи шиаҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон, 61 нафар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, ки ба ҷонибдорӣ аз ҳукумати Сурия ҷангидаанд ва 2 772 нафар ҳуввияташон маълум нашудааст.

25 июл СММ тахмин зада буд, ки дар муноқишаҳои Сурия бештар аз 100 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG