Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суғд: 146 кило маводи мухаддир сӯзонда шуд


Тибқи иттилои Оҷонсии назорати маводи нашъадор дар вилояти Суғд беш аз 146 кило мухаддирот ба таври сӯзондан нобуд карда шудааст. Тавре дар ин бора Умеда Юсупова рӯзи 31-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, 146 килову 104 грам маводи мухаддир чун далели шайъии 9 парвандаи ҷиноӣ, дар ҷамъи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷии вилоят дар печи махсуси раёсати оҷонсӣ дар вилояти Суғд сӯзонида шудааст.

Аз миқдори умумии мухаддироти сӯзондашуда 79 килову 567 грами он героин буда, ҳашиш 66 килову 357 грам ва афюн 180 грамро ташкил додааст.

Ба гуфти мнбаъ ҳиссаи бештари мухаддироте, ки сӯзондашудааст, ҳероин (зиёда аз 79 кило) аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG