Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4:1. Пирӯзии "Равшан" бар "Истаравшан"


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 4-1 ғалаба кард.

Бозии охирини даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Равшан” ва “Истаравшан”имрӯз, 31-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. Ҳисобро Ҳасан Рустамов, ҳамлагари “Равшан”, дар дақиқаи 21-ум боз кард. Баъди 10 дақиқа Илҳом Баротов, бозигари “Истаравшан”, ҳисобро баробар намуд. Се голи дигари мизбононро Соломон Течи (56), Ҳасан Рустамов (59,аз пеналтӣ) ва Давронҷон Тухтасунов (90+1) дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ, ҳарчор бозии мавқуфгузоштаи даври 16-уми мусобиқот бо пирӯзии мизбонон поён ёфт. Ёдовар мешавем, ки се бозии ин давр рӯзи чоршанбеи 30-юми октябр барпо гардида буд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 6-0 пирӯз шуд. Се голи “Истиқлол”-ро капитани даста Дилшод Восиев дар дақиқаҳои 27, 85 ва 90-ум ба ҳадаф расонд ва хет-трик кард. Се голи дигарро Александр Кудряшов (дақиқаи 34-ум), Глаубер Да Силва (42) ва Толибҷон Султонов (88) заданд. Дарвоқеъ, ин ғалабаи 100-уми “Истиқлол” дар панҷ соли ширкати даста дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни тимҳои лигаи олӣ ба шумор меравад.

Дар бозии марказии даври 16-ум дастаи мизбон - “Хайр”-и Ваҳдат бар рақиби аслиаш барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқот - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад. Дар ин бозӣ низ меҳмонон ҳисобро кушоданд. Фирӯз Раҳматов, бозигари “Регар-ТадАЗ”, дар дақиқаи 24-ум тӯбро вориди дарвозаи “Хайр” намуд. Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон ду гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд. Ҳамлагар Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 55-ум ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро дар дақиқаи 90+1 Меҳроҷиддин Музаффаров, бозигари ҷавони “Хайр”, ба дарвозаи меҳмонон зад.

Ин се имтиёзи муҳим мавқеи “Хайр”-ро дар зинаи севум мустаҳкам кард. Вале бохт имкони “Регар-ТадАЗ”-ро барои ҷойи севум камтар намуд. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ Исроил Идиев, бозигари «Хайр», дар дақиқаи 76-ум барои задани рақибаш аз майдон хориҷ шуд. Инчунин Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ», дар дақиқаи 88-ум барои корти дувуми зард майдонро тарк кард.

Дар бозии дигар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод. Ҳисобро дар ин бозӣ легионери “Хуҷанд” Валерий Андроник аз Молдова дар дақиқаи 7-ум боз кард. Вале баъди панҷ дақиқа Тоҳир Зоиров дар дақиқаи 12-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуд. Ду голи дигари “Вахш”-ро Абдухалил Боронов дар дақиқаҳои 45-ум ва 70-ум ба самар расонд.

Ба ин тартиб, то анҷоми мусобиқоти дастаҳои лигаи олӣ чор даври дигар мондааст. Дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол”, ки 37-имтиёзӣ гирифтаанд, пешсафанд. Вале футболбозони Кӯлоб ду бозӣ камтар кардаанд. Инчунин натоиҷи ду бозии “Равшан” бо рақиби аслиаш барои унвони қаҳрамонӣ – “Истиқлол” ба нафъи кӯлобиҳост. Дарвоқеъ, “Равшан” ягона дастаест, ки то ҳоло дар бозиҳои имсолаи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар мағлуб нашудааст. Ба “Равшан” барои бори дувум ва паиҳам ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқот дар 5 панҷ бозии боқимонда 9 имтиёз гирифтан кофист.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Истиқлол» 15 12 1 2 43-6 37
2. «Равшан» 13 12 1 0 22-4 37
3. «Хайр» 15 8 5 2 24-14 29
4. «Регар-ТадАЗ» 14 7 2 5 19-16 23
5. «Хуҷанд» 15 4 5 6 14-18 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 14 3 5 6 11-26 14
8. «Вахш» 14 3 3 8 8-14 12
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 13 1 2 10 8-35 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Ҳасан Рустамов ("Равшан") – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон
миёни дастаҳои лигаи олӣ

Даври 19-ум
3-юми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХАЙР» - «ИСТИҚЛОЛ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «РАВШАН». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ВАХШ». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
ССКА «ПОМИР» - «ИСТАРАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Бозии даври 18-ум
7-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

«РАВШАН» - ССКА «ПОМИР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 20-ум
8-уми ноябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ПАРВОЗ». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«ВАХШ» - «ЭНЕРГЕТИК». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

10-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«РАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 21-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«ХАЙР» - «ВАХШ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ИСТАРАВШАН». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Бозии даври 15-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣсоати 14.00

ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ЭНЕРГЕТИК». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«РАВШАН» - «ХАЙР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «ПОМИР» - «ПАРВОЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«ХУҶАНД» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
XS
SM
MD
LG