Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Сурия ба як аҳдаш вафо кард


Созмони Манъи Истифода аз Аслиҳаи Кимиёӣ мегӯяд, давлати Сурия тамоми таъсисоту абзори тавлиди аслиҳаи кимиёиашро нобуд кардааст. Бар асоси ҷадвали замонӣ Сурия бояд тамоми ин таъсисотро то рӯзи якуми ноябр маҳв мекард. Хабаргузории "Ройтерс", бо такя ба асноди ин созмон навиштааст, ки нозирони байналмилалӣ худашон дидаанд, ки тамоми таъсисоти маълуми тавлид ва омехта кардани аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия нобуд кардаанд. Ин нозирон то аз миёни 23 таъсисот 21 тои онро таҳқиқ кардаанд. Таҳқиқи ин таъсисот хатарнок будааст, вале тамоми таҷҳизоти тавлиди аслиҳаи кимиёи онҳоро ба ҷойи бехатар ва таҳқиқшуда интиқол додаанд. Ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аз тарси ҳамлаи эҳтимолии Амрико аҳд дод, ки то миёнаҳои соли 2014 анборҳои аслиҳаи кимиёии худро нобуд кунад. Баъди ҳамлае бо аслиҳаи кимиёӣ дар наздикии шаҳри Димишқӣ, ки 1400 нафарро кушт, Русияву Амрико мувофиқа карданд, то Сурия тамоми захираҳои ин навъи аслиҳаашро маҳв кунад.
XS
SM
MD
LG