Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Амрико бо ҳайъати Олмон мулоқот карданд


Мақомоти расмии Амрико бо ҳайъате аз Олмон мулоқот карданд, ки барои баррасии масъалаи ҷосусии маъмурони амниятии Иёлоти Муттаҳида аз паси Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ба Вашингтон омадаанд. Расонаҳои ғарбӣ чанде пеш бо такя ба асноди ишфокардаи Эдвард Сноуден, корманди собиқи Хадамоти Амнияти Миллии Амрико, навиштанд, ки ин созмон сӯҳбатҳои хонум Меркел аз тариқи телефони ҳамроҳро гӯш мекардааст. Мақомоти Олмону Амрико гуфтаанд, ки мулоқоти Вашингтон ба хотири барқарор кардани эътимод миёни ду кишвар аст. Рӯзномаи “Вашингтон Пост” рӯзи чаҳоршанбе гузориш дод, ки Хадамоти Амнияти Миллии Амрико ба хатҳои иртиботии ширкатҳои Яҳу ва Гугл дастрасии мустақим доштааст, ки почтаҳои электронӣ ва иттилоооти дигари корбарони худро ба марказҳои ҳифзи иттилоот дар хориҷ аз Амрико интиқол медиҳанд. Айни замон Созмони Милал гуфт, ҳукумати Амрико ба ин ниҳод итминон додааст, ки мукотиботи сирии созмонро гӯш намекунад.
XS
SM
MD
LG