Пайвандҳои дастрасӣ

Моликӣ бо вакилони амрикоӣ мулоқот кард


Нурӣ-ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ дар идомаи сафараш ба Амрико бо гурӯҳе аз вакилони мардумӣ мулоқот кард. Ӯ барои дарёфти кӯмаки низомӣ ба Иёлоти Муттаҳида омадааст, то ба хушунатҳои афзояндаи мазҳабӣ расидагӣ кунад, ки бинобар ҷанги дохилӣ дар Сурияи ҳаммарз, дар Ироқ ҳам авҷ гирифтааст. Ба тахмини Созмони Милал, ҳамин сол дар Ироқ бештар аз 7 ҳазор мардуми осоишта кушта шудаанд. Ҷон Маккейн, сенатори ҷумҳурихоҳ, рӯзи чаҳоршанбе баъди мулоқот бо нахуствазири Ироқ гуфт, вазъ дар ин кишвар “бадтар мешавад“ ва ба худи Маликӣ вобаста аст, ки “пеши роҳи онро” бигирад. Ҷон Маккейн, яке аз 6 вакилони демократ ва ҷумҳурихоҳ аст, ки рӯзи сешанбе бо ирсоли номае ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтанд, ки хушунат дар Ироқ бо гуноҳи ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG