Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов: Масъалаи ДНК ва даъвати ёвари Путин


Вакилони мудофеъи Зайд Саидов вориди СИЗО шуданд ва дар мурофиаи имрӯз ширкат доранд. Яке аз наздикони Зайд Саидов рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 09-00 субҳ додраси парванда Шавкат Абдулхайров ва намояндагони додситонӣ ба маҳали баргузории мурофиаи ин соҳибкори маъруф - боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - ҳозир шуданд ва тибқи даъватномаи Додгоҳи олӣ вакилони мурофеъ низ дар мурофиа ҳузур доранд. Додгоҳи олӣ 29-уми октябр ба унвони ҳар се вакили мудофеъ «даъватнома» барои ширкат дар мурофиаро ирсол доштааст. Наздикони Зайд Саидов мегӯянд, ки дар назди СИЗО қарор доранд ва ҳар се вакилони мудофеъ вориди СИЗО ва дар мурофиа ширкат доранд.

Қарор аст, ки вакилони мудофеъ дархости Зайд Саидов дар масъалаи гузаронидани ДНК ва даъвати ҷаноби Владислав Сурков, ёвари президенти Русия Владимир Путин ба сифати шоҳид ба ин мурофиаро баррасӣ кунанд. Интизор меравад, мурофиа дар поёни нимаи аввали рӯз ба охир расад.
XS
SM
MD
LG