Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирон дар шаш моҳ 1,7 миллиард доллар фиристоданд


Бинои Бонки марказии Русия.

Бинои Бонки марказии Русия.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар шаш моҳи соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 678 миллион доллари нақд фиристодаанд.

Торнамои расмии Бонки марказии Русия омори интиқоли ва воридоти пул ба Русияро аз кишварҳои ИДМ нашр кардааст.

Дар ин ҷадвали Бонки марказии Русия омадааст, сар аз моҳи апрел то ба охири моҳи июни соли равон тариқи системаҳои интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 998 миллион доллар фиристода шудааст. Муҳоҷирони тоҷик нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 миллион доллар бештар ба ватан пул фиристодаанд.

Бояд гуфт дар се моҳаи авали соли равон муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 680 миллион доллар фиристода буданд ва бо иловаи пулҳои интиқолшуда дар се моҳаи дуввум маҷмуи пулҳои интиқолшуда 1 миллидарду 678 миллион долларо ташкил мекунад.

Нашри омори интиқоли пули муҳоҷирон аз сӯи Бонки марказии Русия дар ҳолест, ки Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ дар нишасти охири хабарии худ аз шарҳи ҳаҷми маблағи ворида аз ҳисоби муҳоҷирини корӣ ба Тоҷикистон худдорӣ кард.

Ширинов дар робита ба суоли хабарнигорон оид ба ҳаҷми маблағи муҳоҷирон дар 6 моҳи ахир аз гуфтани ин рақам худдорӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ. бархе расонаҳо дар кишвар пули муҳоҷиронро тобиши сиёсӣ медиҳанд. Вай гуфт, тамоми маблағе ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, бо танҳо пули муҳоҷирин донистан нодуруст аст.

Ба қавли вай, 30-35 дарсади ҳаҷми умуми маблағе, ки ҳар сол аз Русия ворид мешавад, маблағи тоҷироне мебошад, ки ба Русия меваи хушк ва маҳсулоти дигар мебаранд ва аз тариқи бонкҳои Русия пули худро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Аммо Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар гуфта буд, ки дар соли 2012 маҳз муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи бонкҳо 3,8 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд. Соли 2011 интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 миллиард долларро ташкил медод.

Маблағи мазкур нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад ва дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Бино ба пажӯҳиши ахири Маркази мутолиоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки 1,5 ҳазор хонаводаро фаро гирифтааст, 90 дарсад гуфтаанд, муҳоҷират мӯҷиби аслии болоравии сатҳи зиндагонии хонаводаҳои онҳо шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG