Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ боздоштани фаъолияти Бирюлёворо қонунӣ медонад


Рӯзҳои нооромӣ дар Бирюлёво
Рӯзҳои нооромӣ дар Бирюлёво
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи чаҳоршанбе ҳукми боздоштани фаъолияти бозори Бирюлёворо қонунӣ донист. Ба ин тартиб шикояти вакилони мудофеи ширкати «Новые Черёмушки» рад карда шуд. Вакилони мудофеъ шикоят бурда буданд, ки ҳангоми расидагӣ аз тарафи Роспотребнадзор ва ҳамчунин ҳангоми гирифтани тасмим дар бораи 90 рӯз бастани бозор қонуншиканӣ сурат гирифтааст.

Дар бораи ин бозор додгоҳ 16 октябр ҳукми худро эълон карда буд. Яке аз додгоҳҳои дигари Маскав Магомед Чурилов-раиси ширкати «Новые Черёмушки» ва Виктор Котелевский-раиси ширкатеро, ки посбонии ин бозорро бар ӯҳда дошт боздошт карда буд. Онҳоро барои созмон додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ гунаҳгор медонанд.

13 октябр дар Бирюлёво нооромӣ рух дод ва гуфта мешавад, ки сабаби ин нооромӣ қалти Егор Шербаков-сокини ҷавони Маскав будааст. 15 октябр Орхан Зейналов-шаҳрванди Озарбойҷонро ба эҳтимоли даст доштан дар ин куштор боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG