Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аз Юнон хостори наздикӣ бо Иттиҳодияи Аврупо шуд


Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, дар ҷараёни боздидаш аз Юнон масъалаи музокира бо Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба раводид ё визаро баррасӣ кардааст. Аз моҳи январи соли 2014 раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупо ба Юнон мегузарад. Лавров дар дидоре бо Эвангелос Венизелос-вазири корҳои хориҷаи Юнон гуфт, ки Маскав “ба тасмими дӯстони юнонӣ, ки аз муносиботи Русияву Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят мекунанд, арҷ мегузорад”.

Лавров ҳамчунин изҳор дошт, ки ин ду кишвар мехоҳанд дар соли 2016 “Соли Юнон дар Русия” ва “Соли Русия дар Юнон”-ро баргузор ва бад-ин тариқ муқаррароти раводидро сабуктар кунанд. Лавров гуфт, кишвараш мехоҳад муносиботи худро бо Иттиҳодияи Аврупо беҳтар кунад.
XS
SM
MD
LG