Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёриҳои СПАД аз декабр шурӯъ мешавад


Кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз моҳи декабри соли равон расонидани кумакро ба марзбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз хоҳанд кард.

Намояндаи расмии дафтари матбуотии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар Маскав дар як мусоҳибаи катбӣ ба Озодӣ навишт, ки кишварҳои узви ин созмон таҳдид ба амнияти худро пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон воқеӣ медонанд ва ба иҷрои қарори таҳкими марзҳои ҷанубии СПАД мусоидат хоҳад кард.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, кӯмаки СПАД ба Тоҷикистон ба маънои нерӯи ҳарбӣ набуда, асосан ба таҷҳизот ва муҳимот рабт дорад: «Дар чаҳорчӯби кумакҳои СПАД дар назар аст марзбонони тоҷик дар сарҳади Афғонистон силоҳу таҷҳизотҳои нави ҳарбӣ ва либоси низомӣ бигиранд. Ҳамчунин дар доираи ин кумакҳо омодасозии кадрҳои низомӣ барои ҳимояи сарҳад дар мактабҳои олии кишварҳои узви СПАД дар назар аст».

Боздиди фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим


Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 30-уми октябр масъулони ниҳодҳои марзбонии се кишвар - Русия Афғонистон ва Тоҷикистон - дар гузаргоҳи Бандари Шерхон протоколи ҳамкориро ба имзо расонданд, ки табодули иттилоъро ба хотири таҳкими марз дар назар дорад. Ин санадро сардори Хадамоти марзбонии Русия, полковник Владимир Кулешов, роҳбари пулиси сарҳадии Афғонистон Гулнабӣ Аҳмадзай ва роҳбари сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имзо карданд. Гуфта мешавад, дар ин дидори сеҷониба ҳамчунин мавзӯъи кумак ба сарҳадбонони Афғонистон низ матраҳ шудааст.

Генерал Абдулхолиқ Чира, атташеи низомии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: «Марзи Тоҷикистону Афғонистон бояд тақвият ёбад ва кишварҳо бояд ба марзбонони афғон кӯмак кунанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки Русия ба марзбонони афғон чӣ кӯмаки низомиву фаннӣ мекунад.»

Дар ҳамин ҳол, Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон низ мегӯяд, кишвараш дар садади таҳия кардани як барномаи кӯмак ба тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон аст: «Хуруҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон наметавонад моро бетараф гузорад. Зеро ин марз Тоҷикистону Афғонистон ин марзи муштараки мо дар доираи созмони СПАД аст. Дар ҳоли ҳозир барномаи ҷиддии кӮмак ба Тоҷикистон маҳз барои ҳимоя марз бо Афғонистон аз тарафи мутахассисони Русия омода карда шуда истодааст.»

Сар соли 2005 марзбонони рус ҳимояи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон пурра ба марзбонони тоҷик вогузор шуд. Пас аз хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз ин ҷо шумораи марзбонони тоҷик то 16 ҳазор нафар зиёд карда шуд ва ҳамчунин 11 дидбонгоҳи нави марзӣ бунёд гашт. Қарор аст, кишварҳои СПАД дар омӯзишу бозомӯзии марзбонони тоҷик низ мадад расонанд. Сафари сарҳанг Кулешов дар Тоҷикистон то рӯзи 1-уми ноябр идома карда, ӯ ҳамчунин аз омӯзишгоҳи олии сарҳадии Тоҷикистон дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG