Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии мизбонон дар даври 16-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 6-0 пирӯз шуд. Се голи “Истиқлол”-ро капитани даста Дилшод Восиев дар дақиқаҳои 27, 85 ва 90-ум ба ҳадаф расонд ва хет-трик кард. Се голи дигарро Александр Кудряшов (дақиқаи 34-ум), Глаубер Да Силва (42) ва Толибҷон Султонов (88) заданд. Дарвоқеъ, ин ғалабаи 100-уми “Истиқлол” дар панҷ соли ширкати даста дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни тимҳои лигаи олӣ ба шумор меравад.

Алиёр Ашӯрмамадов, сармураббии дастаи ”Парвоз”, баъди анҷоми бозӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “мо ба бозӣ муқобили “Истиқлол” омода будем, вале баъди дақиқаи 30-юми ҳарду қисми қувваозмоӣ шикаст хӯрдем. Чашмдор набудем, ки бо чунин ҳисоби бузург мағлуб мешавем. Мо барои дар байни панҷ дастаи беҳтарин ҷойгир шудан мубориза мебарем. Дар бозии ояндаамон дар майдони худ бо “Равшан” кӯшиш мекунем, ки пирӯз шавем.”

Алиёр Ашӯрмамадов (аз чап) ва Олег Ширинбеков (аз рост дар нишасти хабарӣ.

Алиёр Ашӯрмамадов (аз чап) ва Олег Ширинбеков (аз рост дар нишасти хабарӣ.

Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи “Истиқлол”, дар бораи бозӣ бо “Парвоз” чунин иброз дошт: “То дақиқаи 30-юм бозӣ баробар ҷараён дошт. Мо каме бартарӣ доштем. Бештар бачаҳои мо бо тӯб буданд. Мо дар қисми аввал се гол зада, амалан тақдири бозиро ҳал кардем. “Парвоз” дастаи хуб аст. Ва аммо имрӯз кори мо барор гирифт.”



Дар бозии дигар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод. Ҳисобро дар ин бозӣ легионери “Хуҷанд” Валерий Андроник аз Молдова дар дақиқаи 7-ум боз кард. Вале баъди панҷ дақиқа Тоҳир Зоиров дар дақиқаи 12-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуд. Ду голи дигари “Вахш”-ро Абдухалил Боронов дар дақиқаҳои 45-ум ва 70-ум ба самар расонд.

Дар бозии марказии даври 16-ум дастаи мизбон - “Хайр”-и Ваҳдат бар рақиби аслиаш барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқот - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад. Дар ин бозӣ низ меҳмонон ҳисобро кушоданд. Фирӯз Раҳматов, Бозигари “Регар-ТадАЗ”, дар дақиқаи 24-ум тӯбро вориди дарвозаи “Хайр” намуд. Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон ду гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд. Ҳамлагар Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 54-ум ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро дар дақиқаҳои охири бозӣ Меҳроҷиддин Музаффаров, бозигари ҷавони “Хайр”, ба дарвозаи меҳмонон зад. Ин се имтиёзи муҳим мавқеи “Хайр”-ро дар зинаи севум мустаҳкам кард. Вале бохт имкони “Регар-ТадАЗ”-ро барои ҷойи севум камтар намуд.

Бозии охирини даври 16-ум миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан”-и Истаравшан рӯзи панҷшанбе, 31-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор хоҳад шуд.




Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Истиқлол» 15 12 1 2 43-6 37
2. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
3. «Хайр» 15 8 5 2 24-14 29
4. «Регар-ТадАЗ» 14 7 2 5 19-16 23
5. «Хуҷанд» 15 4 5 6 14-18 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 14 3 5 6 11-26 14
8. «Вахш» 14 3 3 8 8-14 12
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 12 1 2 9 7-29 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон
миёни дастаҳои лигаи олӣ

Даври 16-ум
31-уми октябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 15.00

«РАВШАН» - «ИСТАРАВШАН». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 19-ум
3-юми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХАЙР» - «ИСТИҚЛОЛ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «РАВШАН». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ВАХШ». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
ССКА «ПОМИР» - «ИСТАРАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Бозии даври 18-ум
7-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

«РАВШАН» - ССКА «ПОМИР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 20-ум
8-уми ноябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ПАРВОЗ». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«ВАХШ» - «ЭНЕРГЕТИК». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

10-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«РАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 21-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«ХАЙР» - «ВАХШ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ИСТАРАВШАН». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Бозии даври 15-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣсоати 14.00

ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ЭНЕРГЕТИК». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«РАВШАН» - «ХАЙР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «ПОМИР» - «ПАРВОЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«ХУҶАНД» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG