Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои санади ҳамкории ниҳодҳои марзбонии 3 кишвар


Масъулони хадамотҳои марзбонии се кишвар - Русия, Афғонистон ва Тоҷикистон - дар гузаргоҳи Шерхон-Бандар протоколи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин санад фармондеҳи қувваҳои сарҳадии Русия генерал- полковник Владимир Кулешов, роҳбари пулиси сарҳадии Афғонистон Аҳмадзай ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имзо карданд. Ба гуфтаи Раҳматуллоев, мувофиқи ин протокол ҷонибҳо баҳри тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухадир мубодилаи иттилоъ хоҳанд кард.
Роҳбарони идораҳои марзбонии се кишвар пас аз имзои ин санад дар гузаргоҳи Шерхон-Бандари Афғонистон аз гузаргоҳи Панҷи поёни Тоҷикистон дидан карда, бо вазъи марзбонони тоҷик ошно шуданд.
XS
SM
MD
LG