Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими 200 китоб аз сафорати Узбакистон ба Китобхонаи миллӣ


Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Сафорати Узбакистон дар Душанбе ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон миқдори 200 китоб тақдим кард.

Маросими тақдими китобҳо аз ҷониби сафорати Узбакистон дар Китобхонаи Миллӣ рӯзи чоршанбеи 30-юми октябр бо ҳузури масъулони давлатӣ, сафири Узбакистон, бархе аз сафирону аҳли адабу фарҳанг сурат гирифт.

Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷиистон зимни тақдими 200 китоб ба Китобхонаи миллӣ гуфт, ки «узбакҳо ва тоҷикон ҳазорсолаҳо бо ҳам зиндагӣ доранд ва дорои решаву таърихи ягона ҳастанд. Гузаштагони мо, ки мутаффакирону суханварони бузурги Шарқ ва аҳли шеъру адаб буданд, ҳамдигарро ҷудо намекарданд ва бо ду забон асар меофариданд. Ин ҳама ифтихороти таърихи мо аст, ки бояд мо ҳамеша дар хотир дошта бошем ва ин меросро ҳамеша ҳифз кунем.»

Бо таваҷҷуҳ ба ин ҷаноби Шоисломов гуфт, ки «замоне сохтмони бинои Китобхона дар маркази пойтахти Тоҷикистон ҷараён дошт, мо фикр мекардем, ки шояд бинои парлумон, ҳукумат ва ё ягон вазорат бошад, вале баракс дар ин бинои муҳташам Китобхонаи миллӣ ҷой гирифт. Ин ҳама далели он аст, ки кишвар дар бораи маънавиёти худ, фарҳанги худ ва дар бораи ояндаи худ меандешад.»

Ба ин далел сафири Узбакистон таъкид кард, ки «маҳз ин амр моро таҳрик дод, то дар ғанӣ гардонидани Бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон саҳме бигузорем ва ҳамакнун ҳудуди 200 китоб, ки бозгӯи таъриху фарҳанги Узбакистон, асарҳои классикону адибони муосири узбак аст, ба китобхона тақдим гардид.»

Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе дар оянда низ ният дорад то гӯшаи Узбакистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо китобу маводи лозима пурра гардонад. Ҷаноби Шоисломов мӯътақид аст, ки «муштариёну хонандагон ва донишҷуёну муҳаққиқон метавонанд аз ин сарачашмаҳои илмӣ ва адабӣ ба хубӣ истифода кунанд.»

Ҳамзамон бо маросими тақдими китобҳо, намоишгоҳи акси акксонои Узбакистон низ баргузор гардид, ки бозгӯи дирӯзу имрӯзи кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аст.

Тақдими як миқдор китобу баргузории намоишгоҳи акс аз сӯи сафорати Узбакистон дар Душанӣбе, дар назари аввал як иқдоми кӯчаку фарҳангӣ талаққӣ шавад, аммо нозирони умур мегӯянд, «ин иқдом метавонад намунае барои беҳбуд ёфтани муносиботи ду кишвари ҳамсоя гардад.»
XS
SM
MD
LG