Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати дасти кам 19 нафар дар ҳамлаҳо дар Ироқ


Шоми сешанбе дар Ироқ чанд ҳамлаи пурқурбонӣ сурат гирифт. Дар шимоли Бағдод ду маргталаб худро дар канори манзили раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи сунниҳо Сайид Ёсим таркониданд. Дар ин ҳодиса 11 низомӣ ва корманди полис ба ҳалокат расиданд. Ба Саид Ёсим осебе нарасидааст.

Дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли Ироқ, мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори постгоҳи полис инфиҷор кард. Хабаргузории Рейтер бо такя ба кормандони полис ва тиб навиштааст, ки ин ҳамла мунҷар ба ҳалокати дасти кам 8 нафар, аз ҷумла, се корманди полис шудааст.

Масъулияти ҳамлаҳоро касе бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи шабакаи “Ал-Қоида” кардаанд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, соли равон бар асари ҳамлаҳову хушунат дар Ироқ беш аз 7 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG