Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Олии сулҳ бо Мулло Бародар мулоқот мекунад


Карзай ва Шариф дар Лондон мулоқот карданд

Карзай ва Шариф дар Лондон мулоқот карданд

Масъулини Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон рӯзҳои наздик барои гуфтушунид бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, фармондеҳи собиқи “Толибон”, ба Покистон мераванд.

Дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе, 30 октябр, хабар дод, ки созиш дар ин бора миёни раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф як рӯз пеш дар Лондон ҳосил шуд.

Мулло Абдулғанӣ Бародар то ҳабсаш дар Покистон дар соли 2010, муовини раҳбари ҷунбиши “Толибон” буд. Кобул ба нақши муҳими ӯ дар гуфтушуниди сулҳ бо “Толибон” қабл аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон умедвор аст.

Исломобод моҳи сентбяр дар бораи раҳоии Мулло Бародар аз зиндон хабар дод ва аммо ӯ ҳанӯз ҳам дар Покистон зери назорати шадид боқӣ мемонад.

Афғонистон тайи чанд сол аз Покистон раҳоии ин фармондеҳи “Толибон”-ро талаб мекард.
XS
SM
MD
LG