Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз як раҳбари "Ихвон-ул-муслимин" дар Миср


Дар Миср яке аз раҳбарони аршади ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” боздошт шуд. Ба иттилои расонаҳои ғарбӣ ва мисрӣ, кормандони полис Ҳисом ал-Ориёнро, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар шарқи Қоҳира пайдо карданд.

Ал-Ориён муовини раиси Ҳизби озодӣ ва адолат, ниҳоди сиёсии “Ихвон-ул-муслимин” аст. Боздошти ӯ чун гоми навбатӣ дар роҳи маҳдудсозии таъсиру нуфузи исломгароҳо аз сӯи мақомоти Миср арзёбӣ мешавад.

3 июли соли равон низомиён нахустин раисиҷумҳури аз роҳи демократӣ интихобшудаи Миср Муҳаммад Мурсиро, ки аз “Ихвон-ул-муслимин” намояндагӣ мекард, аз мақом барканор намуданд. Фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” мамнӯъ эълон шуд, садҳо фаъолони ҷунбиш боздошт ё зиндонӣ шуданд.

Баъди барканории Мурсӣ дар Миср бархӯрдҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифини ӯ сурат гирифтанд, ки бар асари онҳо дасти кам ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG