Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: «Умар Шарифов ҳанӯз ҳам боздошт нашудааст»


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳи тафтишотии ин ниҳод аз як ҳафта ба ин тараф иштирокчии дигари садамаи маргбор ва пурсарусадои 9-уми октябр Умар Шарифовро ҷустӯҷу дорад.

Як манбаъ дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки иштирокчии дигари садамаи 9-уми октябр Умар Шарифов беш аз як ҳафта аст, ки аз тарафи гурӯҳи ҷустуҷӯии вазорат мавриди кофтуков қарор дорад, вале ҳанӯз боздошт нашудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айбдоршавандаи асосӣ дар садамаи маргбори шаби 8 ба 9 октябр, ки ҷони се нафарро гирифт ва се нафари дигарро маҷруҳ кард, фарзанди Раиси роҳи оҳани Тоҷикистон Расули Амонуллоро эълон намуда, аммо тақрибан як ҳафта баъд, рӯзи 22 октябр дар сомонаи расмии ин ниҳод нафари дигар бо номи Умар Шарифов ҳамчун иштирокчии ин садама зикр шуд.

Ба қавли намояндагони вазорати корҳои дохилӣ, дар лаҳзаи рух додани садама Умар Шарифов низ дар дохили БМВ ҳамроҳи Расули Амонулло ҳузур доштааст.

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, ки феълан шуъбаи тафтишоти садамаҳои ВКД бо пурсишу омӯзиш дар робита ба ин садамаро идома медиҳад. Феълан дар мавриди Умар Шарифов вазорати корҳои дохилӣ танҳо ному насаби ӯро ошкор кардааст, аммо дар бораи нишонаи вай ҳеҷ иттилое пахш карда нашуда ва муфаттишони низ дар бораи ӯ аз шарҳи бештар худдорӣ мекунанд.

Дар натиҷаи садамае, ки соати дувуними шаби 9 октябр дар маркази Душанбе рух дод ва имрӯз ба номи Расули Амонуллоҳ рақам зада мешавад, Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили автомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳам Расули Амонуллоҳ ва ҳам падари модари ӯро дар робита ба садамаи шаби 9 октябр "мавриди пурсиш" қарор додааст.
XS
SM
MD
LG