Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 1 миллиард кӯмаки БОР ба Тоҷикистон дар 15 сол


Бонки Осиёии Рушд муддати 15 соли ахир ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар кӯмак кардааст. Дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе рӯзи чоршанбеи 30 октябр бо пахши иттилоияе ба муносибати 15-солагии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, эълон кард, ки «аз куллияи маблағҳое, ки БОР ба Тоҷикистон кӯмак кардааст, беш аз 700 миллиони доллари он кӯмаки грантӣ ё билоиваз аст.»

Ин манбаъ афзуд, ки БОР дар ин муддат дар иҷрои тарҳҳои марбут ба берун шудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсияонӣ, коҳиши мизони камбизоатӣ беҳтар кардани дастрасӣ ба электроэнергия ва беҳбуди вазъи иҷтимоии сокинон сармоягузорӣ кардааст. Ин аст, ки ба таъкиди масъулони ин бонк, дар соли ҷорӣ дар чорчӯби кӯмаки грантӣ маблағи 250 миллион доллар барои бозсозии ниругоҳи «Сарбанд» ва беҳбуди ҷодаҳои аҳамияти минтақаӣ дошта тахсис медиҳад. Зимнан, Тоҷикистон дар соли 1998 узвияти БОР -ро дарёфт кард ва дафтари намояндагии ин бонк дар соли 2003 дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ шуд.
XS
SM
MD
LG