Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: "Ҳамла ба қатораҳо ангезаи экстремистӣ надорад"


Пулиси нақлиёти Русия гуфтааст, ки ҳамла ба қатораи самти Маскав-Душанбе дар истгоҳи «Терновка», ангезаи экстремистӣ надоштааст. Полиси нақлиёти Русия рӯзи чоршанбе ба хабаргузории «Регнум» гуфтааст, ки ҳамла ба қатора аз тарафи панҷ-даҳ нафар наврасон сурат гирифтааст, ки онҳо мехостаанд аз тариқи долони ин қатора убур кунанду ба электирчка нишинанд, аммо роҳбалади қатора онҳоро иҷоза надодааст. Ба навиштаи манбаъ, «вақте ки роҳбалади қатора тибқи қонун онҳоро иҷоза намедиҳанд, ҷавонон аз рӯи қаҳр қатораи Маскав-Душанберо сангборон кардаанд».

Пулиси нақлиёти Русия дар идома гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир шахсиятҳои наврасон мушаххас карда хоҳад шуд. Ҳамин тавр пулиси нақлиёти Русия вуҷуди ҳамлаи экстремистӣ дар ҳамлаи сангборони қатораи Маскав-Душанберо рад мекунад.

Рӯзи гузашта мақомоти интизомии Русия гуфта буданд, ки ба қазияи ҳамла ба қатораҳои Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар, дар чаҳорчӯбаи қонун расидагӣ хоҳад шуд. Вазорати умури дохилии Русия ҳанӯз аз шарҳи ҳамлаҳои рӯзҳои 26 ва 27-уми октябр ба қатораҳои самти Маскав - Душанбе ва Маскав - Хуҷандро худдорӣ мекунад, аммо ба гуфтаи дафтари матбуоташ, ба ҳар қонуншиканӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ин кишвар расидагӣ сурат хоҳад гирифт. Дар сохторҳои роҳи оҳан ва раёсати нақлиётӣ вазорати корхои дохилии Русия низ дар нисбати ин қазия бехабарӣ кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба дунболи қатори Маскав -Душанбе қатори Маскав - Хуҷанд низ дучори ҳамлаи миллатгароёни рус шудааст. Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 27 октябр қатори Маскав – Хуҷанд низ ба ҳамлаи гурӯҳи қавмгароёни рус дучор шудааст. Як рӯз қабл, рӯзи 26 октябр, ба гуфтаи мақомот, қатори Маскав – Душанбе ҳадафи чунин ҳамла қарор гирифта буд ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар ин робита ба ҷониби Русия як нота низъ фиристодааст.
XS
SM
MD
LG