Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РШВСМ – ғолиби мусобиқаи наврасони футболи Тоҷикистон


Дастаи РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 гардид.

Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ширкати ҳашт дастаи ғолиби мусобиқоти минтақавӣ баргузор шуд.

Дар бозии ниҳоӣ РШВСМ бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Тӯбро Шервонӣ Муҳаббатшоев дар охири нимаи аввали бозӣ аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Дастаи ғолиб бо ҷому медалҳои тилло ва тими «Истиқлол» бо ҷому медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Барои ҷойи севум дастаи ГОК (Корхонаи маъдани кӯҳӣ)-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бар тими «Равзана»-и Хуҷанд бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад ва бо ҷому медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ҳамчунин бозигарони беҳтарини мусобиқот Мубин Муъминов («Равзана»), Искандар Солиев («Истиқлол»), Боҳир Сангинов (ГОК) ва Шервонӣ Муҳаббатшоев (РШВСМ) бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 1996-1997, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе 28-уми октябр шурӯъ шуд, то 1-уми ноябр идома меёбад.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои РШВСМ «Ҳоҷӣ Шариф» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ), «Норак» (Норак) ва «Помир» (Хоруғ), ба гурӯҳи «Б» РШВСМ (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шодмон» (Ҳисор) шомиланд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал мебароянд. Баъдан ғолибони даври ниманиҳоӣ барои ҷойҳои 1-2-юм ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойҳои 3-4-ум мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG