Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии як наврас дар Варзоб


Комрони Самандар, як ҷавони 16-солаи сокини деҳаи Яккачуғузи ҷамоати Чорбоғи Варзоб худро ба дор кашида, худкушӣ кардааст.Сержант Холов, навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб рӯзи 30 октябр ба радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки Комрони Самандар, сокини деҳаи Якачуғузи ҷамоати Чорбоғ, 9 километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон, шоми дирӯз худро ба дор овехт.
Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб афзуд, «гурӯҳи зудамали ШКД Варзоб ҳамин ҳоло аз ҷои ҳодиса баргашт ва гузоришу аксҳо аз ҳолатҳои худкушии ин ҷавони 16 соларо дастрас кард ва бо наздикони ин ҷавон суҳбат анҷом дод." Аммо навбатдор гуфт, ки роҷеъ ба сабаби худкушӣии ин наврас ҳоло чизе гуфта наметавонад. Тавре ҳамсоягони хонаводаи Комрони Самандар мегӯянд, вай хонандаи синфи 10 буд ва аз ҷиҳати саломатӣ шикояте надошт. «Комрон вақте даст ба худкушӣ задааст, ки падару модараш дар хона набудаанд ва модараш тоза аз ҳаҷҷ баргашта, ба назди модаркалонаш рафтааст»- гуфт яке аз ҳамсояҳо.
Ба нақли наздикони Комрони Самандар, чанд соли қабл бародари ӯ низ бо ҳамин шева аз дунё гузаштаст. Дар ҳоли ҳозир шуъбаи корҳои дохилии Варзоб мегӯяд, ки пас аз омӯзиши пурраи ин ҳодиса, дар робита ба сабаби аслии худкушии Комрони 16- сола иттилоъ хоҳанд дод. Гуфта мешавад, ки Комрони Самандар фарзанди прокурори яке аз раёсатҳои Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 458 нафар худкушӣ кардаанд дар бисёр маврид мушкилоти иҷтимоӣ ва хонаводагӣ аз омилҳои умдаи афзоиши худкушӣ дар Тоҷикистон унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG