Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Афғонистон, Покистон ва Бритониё бори дигар ба идомаи тааҳҳудашон дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон бо раҳбарии афғонҳо, таъкид кардаанд

Давид Камерун, нахуствазири Бритониё рӯзи сешанбе дар Лондон мизбони гуфтугӯ миёни Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон буд. Дафтари нахуствазири Бритониё гуфтааст, ки ин дидор дар ҳошияи Форуми иқтисодии ҷаҳони ислом дар Лондон анҷом шуд.
Ҷузёият дар мавриди натиҷаи ин гуфтугӯҳо ҳанӯз нашр нашудааст.

Мақомоти афғон қаблан гуфта буданд, ки дар ин нишаст дар мавриди масоили амниятӣ, мубориза бо терроризм, амнияти интихоботи Афғонистон ва сарнавишти Мулло Бародар, фарди шумораи дувуми гурӯҳи Толибон баҳсҳо хоҳад шуд. Мулло Абдулғанӣ Бародар, дар таърихи 20-уми сентябр аз зиндони Покистон раҳо шуд, аммо аъзои Шӯрои сулҳи Афғонистон мегӯянд, аз замони раҳоии вай то ҳоло барои онҳо заминаи мусоид нашудааст то бо Мулло Бародар тамос барқарор кунанд, зеро ӯ таҳти назорати нерӯҳои амниятии Покистон ба сар мебарад.

Дар ин сафар раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзайро Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ ҳамроҳӣ мекунад ва интизор меравад ӯ дар бораи Мулло Абдулғанӣ Бародар бо Навоз Шариф нахуствазири Покистон гуфтугӯ кунад.

Навоз Шариф рӯзи гузашта дар Лондон ба хабарнигорон гуфт, ки мехоҳад ба раванди сулҳ дар Афғонистон мусоидат кунад: "Мо мехоҳем ки дар Афғонистон субот биояд. Дар дохили Афғонистон ҳукумате бошад, ки дар он ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳо шомил бошанд. Яқинан фоидаи он на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми минтақа хоҳад буд."

Дар нишасти қаблии се кишвар, ки нӯҳ моҳ қабл баргузор шуд, Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури вақти Покистон ваъда дода буд, ки Исломобод давоми шаш моҳ дар талошҳои сулҳи Афғонистон, ҳаракатҳои амал ва мусбатеро анҷом диҳад. Аммо ҳоло, ки се моҳ аз он вақт ва ваъдаи Покистон ҳам гузашт, ҳеҷ навъ ҳамкорӣ дар ин замин сурат нагирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG