Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 30-юми октябр, се бозии даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров зӯрозмоӣ мекунад.
Дар ду бозии дигар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва дастаи мизбон - “Хайр”-и Ваҳдат бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат хоҳанд кард.

Бозии охирини даври 16-ум миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан”-и Истаравшан рӯзи панҷшанбе, 31-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор хоҳад шуд.

Даври 16-ум

30-юми октябр, чоршанбе. Оғози бозиҳо – соати 15.00

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров). Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор), Мустафо Исломов (Восеъ). Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе). Нозири бозӣ: Муъминҷон Ҳамидов (Хуҷанд).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Сардовар: Комил Қурбонов (Турсунзода). Ёваронаш: Дилшод Назипов (Ҳисор), Акмал Бӯриев (Турсунзода). Довари эҳтиётӣ: Ориф Муҳиддинов (Турсунзода). Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Сардовар: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Сафармаҳмад Шоймардонов, Исматулло Муъминов (ҳарду – Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон). Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

31-уми октябр, панҷшанбе. Оғози бозӣ – соати 15.00
«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон), Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хоҷаев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Истиқлол» 14 11 1 2 37-6 34
2. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 13 7 2 4 18-14 23
5. «Хуҷанд» 14 4 5 5 13-15 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 13 3 5 5 11-20 14
8. «Вахш» 13 2 3 8 5-13 9
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 12 1 2 9 7-29 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG