Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Дар ин мусобиқот, ки дар Дубай баргузор шуд, варзишгарони 22 кишвар, аз ҷумла Бразилия, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Миср, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Фаронса ширкат доштанд. Паҳлавони 22-солаи тоҷик Комил Боймуродов дар вазни то 76 кг ва писарамаки ӯ Фаррух Боймуродов дар вазни то 70 кг бо рақибони худ нерӯ озмуданд.

Фаррух дар даври ниҳоии мусобиқот ҳарифонаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва Фаронсаро шикаст дода, соҳиби нишони тиллои мусобиқот шуд. Рақибони Комил аз Имороти Муттаҳидаи Араб, Бритониё ва Бразилия буданд. Ӯ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин бора худи Фаррух Боймуродов ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Комилу Фаррух ҳарду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ - иқтисодии Санкт Петербург дар Дубай ҳастанд ва дар вақти холии худ ба ҷиу ҷитсу машғуланд, ки як навъи варзишҳои размии бразилӣ аст.

Бояд тазаккур дод, Комил Боймуродов соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷиу ҷитсии ҷаҳон дар Дубай мақоми дувумро касб карда, бо нишони нуқра сарфароз шудааст. Ба ҷуз ин дар мусобиқаи ҷиу ҷитсу «Arabian Gulf”, ки чанд муддат пеш дар Дубай баргузор шуда буд, Комил медали тилло ва Фаррух медали нуқра ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG