Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти як бонк ва 8 созмони қарзӣ қатъ шуд


Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома ва шаҳодатномаи «Сомонбонк» ва 8 созмони қарздиҳии хурдро бозхонда ва ин муассисаҳоро аз феҳрасти созмонҳои қарзӣ хориҷ кард. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки Миллӣ, рӯзи чоршанбеи 30-юми октябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ сабаби хориҷ шудани «Сомонбонк» аз ин феҳрастро ба анҷом ёфтани кори комиссияи барҳамдиҳии ихтиёрӣ унвон кард. Ҳамчунин ин манбаъ мегӯяд, «бинобар муҳлатҳои тӯлонӣ фаъолият накардан, иҷозатнома ва шаҳодатномаҳои 8 созмон ва бунёди хурди қарздиҳӣ, аз “Грант-Кредит”, “Занони Меҳрубон”, “Кулчашма”, “Ватанам”, “АСКаМР”, “Ҷонсӯз”, “Насрин “ва “Нушор” аз эътибор соқит дониста шудаанд. Ба иттилои ин манбаъ созмонҳои қарздиҳии хурди “Ватанам”, «Ҷонсӯз» ва «Насрин» дар шаҳри Душанбе, «Занони Меҳрубон» дар Қубодиён, «Кулчашма» дар Мӯъминобод, “АСКаМР” дар Рашт ва «Нушор» дар Тоҷикобод фаъолият доштанд. Зимнан, мутобиқи гузоришҳои расмӣ то 30 июни соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон 143 созмони қарзӣ, аз ҷумла 16 бонк, як созмони қарзии ғайрибонкӣ, 46 бунёди қарзӣ, 44 муассисаи хурди қарздиҳӣ ва 36 созмони молиявии депозитӣ фаъолият доштанд.
XS
SM
MD
LG