Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаравгонҳои фаронсавиро дар Нигер раҳо карданд


Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфт, ки чаҳор шаҳрванди кишвараш баъди се соли асорат аз банди тундравони исломӣ дар ҷумҳурии африқоии Нигер раҳо шудаанд. Франсуа Олланд, рӯзи сешанбе зимни сафараш дар Словакия гуфт, хабари раҳоии гаравгонҳоро раиси ҷумҳури Нигер аз тариқи телефон ба ӯ расонидааст. Чаҳор корманди ширкати ҳастаии Ареваи Фаронсаро моҳи сентябри соли 2010 дар қароргоҳи Арлит дар Нигер рабуданд. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷӣ ва Жан Иво Ле Дриан, вазири дифоъи Фаронса, барои бозгардонидани он чаҳор нафар ба шаҳри Ниамей пойтахти Нигер рафтаанд.
XS
SM
MD
LG