Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эрону IAEA дар Теҳрон гуфтугӯ мекунанд


Интизор меравад, намояндагони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ва Эрон рӯзи 11 ноябр дигарбора дар бораи барномаҳои атомии ин кишвар дар шаҳри Теҳрон гуфтугӯ кунанд. Ҳарду тараф баъд аз мулоқоти дурӯза дар шаҳри Вена дар ин бора хабар доданд. Теро Варёранта, муовини мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, пешниҳоди Эрон барои рафъи бӯҳрони барномаҳои ҳастаиашро, «саҳми созанда барои тақвияти ҳамкориҳо ва муколама» хонд. Ризо Наҷафӣ, намояндаи Эрон дар оҷонси мазкур гуфт, ки пешниҳоди кишвараш, «фасли наверо барои ҳамкориҳо боз мекунад.» Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мехоҳад, барои баррасии ин иддао, таъсисоту барномаҳои атомии Эронро таҳқиқ кунад. Теҳрон мегӯяд, ки ҳадафи барномаҳои ҳастаиаш сохти силоҳи атомӣ нест.
XS
SM
MD
LG