Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клаппер: "Ҷосусӣ дар кишварҳои дигар ҳам роиҷ аст"


Ҷеймс Клаппер, мудири Хадамоти Ҷосусии Амрико, ба вакилони мардумии кишвараш гуфт, ҷосусӣ аз паси раҳбарони хориҷӣ як кори маъмулӣ аст ва аз дер боз як бахши кори хадамоти амниятии Иёлоти Муттаҳида будааст. Айни замон ба гуфтаи Ҷеймс Клаппер ин кор дар тамоми кишварҳои дигар роиҷ аст. Ҷеймс Клаппер рӯзи сешанбе дар ҳузури вакилони Конгресс гуфт, донистани нияту хостаҳои раҳбарони хориҷӣ «навъе аз пояи аслӣ» дар кори хадамоти иттилоотии Амрико аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳампаймонҳои кишвараш ҳам “мутлақо” аз паси мақомоти Иёлоти Муттаҳида ҷосусӣ мекардаанд. Ҷеймс Клаппер афзуд, ки онҳо зимни кор аз салоҳиятҳои худ сӯистифода накардаанд: ""Онгуна ки қонун иҷоза додааст, мо барои ҷамъоварии иттилооти хориҷии ҳадафҳои арзишманд ҷосусӣ мекунем ва зери назорати чанд ниҳод, то замонати он вуҷуд дошта бошад, ки мо аз салоҳиятҳои худ сӯистифода накунем."
Ҷеймс Клаппер ва Кейт Александр, раҳбари Хадамоти Амниятии Миллии Амрикоро баъди он ба Конгресс даъват карданд, ки маълум шуд, ин ниҳодҳо ба сӯҳбатҳои телефонии раҳбарони кишварҳои аврупоӣ гӯш мекарданд. Бино ба гузоришҳо, Хадамоти Амниятии Миллии Амрико даҳҳо миллион сӯҳбатҳои телефонӣ дар Фаронсаву Испониёро ва аз ҷумла сӯҳбатҳои телефонии Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро ҳам сабт мекардааст. Ошкор шудани ин таҷриба хашми кишварҳои дӯст бо Амрикоро барангехт. Санадҳои сиррии ин барномаҳоро, Эдвард Сноуден, корманди собиқи Хадамоти Амнияти Миллии Амрико ошкор кард.
XS
SM
MD
LG