Пайвандҳои дастрасӣ

Алексей Навалнийро ба дуздӣ муттаҳам карданд


Кумитаи Тафтишотии Русия Алексей Навалний, яке аз мунтақидони ҳукуматро расман ба қаллобӣ ва пулшӯӣ муттаҳам кардааст. Ин кумита рӯзи сешанбе гуфт, ки Алексей ва бародараш Олег ба дуздии 26 миллион рубл, баробар ба 816 ҳазор доллар аз ҳисоби намояндагии русии ширкати маъруфи фаронсавии Ив Рошер, муттаҳам мешаванд. Ба қавли мақомот, таҳқиқи парвандаи мазкур бо дархости намояндагии Ив Рошер сурат гирифтааст. Дар сурати собит шудани иттиҳомот, мумкин аст, Алексей ва бародарашро то ба 10 соли зиндон маҳкум кунанд. Худи Навалний иттиҳомотро “пуч” хондааст. Аввали ҳамин сол як додгоҳи Русия Алексей Навалнийро ба дуздии 500 ҳазор доллар гунаҳкор донист ва ӯро ба 5 соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Алексей Навалний мегӯяд, гуноҳе надорад ва танҳо барои интиқоди ошкораш аз Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия таъқиб мешавад.
XS
SM
MD
LG