Пайвандҳои дастрасӣ

Дар дунё кишварҳое, ки бидуни танаффус мардумро ба ҷашнҳои миллӣ ҷалб мекунанд, хеле каманд. Вале Туркманистон яке аз намунаҳои ҷолиби он аст.

Агар касе телевизиони давлатии Туркманистонро тамошо кунад, фикр мекунад, ки мардум раиси ҷумҳурии худро дӯст медоранд, зеро аксари барномаҳо дар бораи раиси ҷумҳур аст. Ҳар моҳ ҳазорон нафарро ба варзишгоҳҳо мебароранд ва ё онҳо дар ҷашнвораҳои коргардонишуда ширкат мекунанд, то бад-ин васила шаҳомату бузургии кишвари худ ва раиси ҷумҳури худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро нишон диҳанд.

Дар тақвими Туркманистон 24 ҷашни миллӣ дида мешавад. Дар миёни онҳо аз “Рӯзи кормандони фарҳангу ҳунари Туркманистон” то “Рӯзи харбузаи Туркманистон” вуҷуд дорад. Аммо даҳҳо ҷашни дигар мисли “Рӯзи ҳамсояҳо” ҳаст, ки бояд онро дар ҳар деҳа ва шаҳрак низ ҷашн гиранд. Ҳатто рӯзномаҳои давлатӣ эълон карданд, ки дар баъзе моҳҳо, масалан, дар давоми 4 ҳафта 64 рӯйдоди ҷашниро баргузор кардаанд. Дар ин ҷашнҳо “ширкаткунандагон”-и аслӣ ва доимӣ кормандони давлатӣ ва донишҷӯён мебошанд, ки ҳатто барои корҳои шахсии худашон вақти кофӣ намеёбанд.

Марде, ки худро Арслан муаррифӣ кард, чунин мегӯяд: “Дар давоми 7-8 соли охир одамоне, ки дар ҳукумат кор мекунанд, барои дур намондан аз чунин ҷашнҳо фаромӯш кардаанд, ки вақти холӣ, рӯзи истироҳат ё рухсатӣ чист. Масалан, охири ҳар ҳафта як чорабинӣ ҳаст, аз дучархасавории миллӣ гирифта то боздиди раиси ҷумҳур. Дар чунин рӯзҳо сокинон бояд соати 6 субҳ аз хоб хезанд ва то соати 11 шаб дар ин чорабиниҳо бошанд, яъне то замоне, ки раиси ҷумҳур аз маҳали ҷашн ба хонааш меравад. Ҳама бояд дар ин муддат рӯи пой бистанд, фарқ надорад, ки ҳаво гарм аст ё сард. Роҳи дигаре вуҷуд надорад, ки одамон ба кори дӯстдоштаи худ машғул шаванд, масалан китоб хонанд ё истироҳат кунанд”.

Агар корхона ё муассиса, донишгоҳ ё мактаб касеро барои ширкат дар ҷашн интихоб кард, ягона роҳи халосӣ аз он коғази корношоямӣ аз пизишк аст. Одамон барои намоишҳои ҳамоҳангшуда рӯзҳо, ҳафтаҳо якҷоя машқ мекунанд, то ҳамзамон ва ҳамоҳанг дар рӯзи ҷашн “ҳунарнамоӣ” кунанд. Дар рӯзҳои машқ ва табъан дар рӯзи худи намоиш риояти муқаррарот ҷиддист. Бояд зарфи об ё ягон навъ хӯрока дар даст набошад. Бо шахсони паҳлӯятон бояд гап назанед.

Донишҷӯе, ки аз худ Ҳумай ном бурд, дар чунин ҷашнҳо борҳо ширкат кардааст ва собиқадор ба назар мерасад: “Ман дар ин гуна машқҳову ҷашнҳо зиёд ширкат кардаам. Хулосаи гап ҳамин, ки ҳамаи онҳо чорабиниҳои нодаркор ҳастанд ва касе намехоҳад, ки дар онҳо ширкат дошта бошад. Масалан, вақте, ки ба ҷашни истиқлол омодагӣ мегирифтанд, ҷашни 27 октябр, ҳар бегоҳ моро ба машқ мебурданд. Мо чанд рӯз ҳамин тавр дар хунукӣ гуруснаву ташна машқ кардем”.

Гузашта аз ин, дар чунин машқҳо ширкаткунандагон бисёр вақт бояд либосҳое пӯшанд, ки ба боду ҳаво мутобиқ нест. Занҳову духтарон бояд дар либосҳои рангоранги тобистонӣ дар машқҳо ва рӯзи ид ширкат кунанд. Аксари онҳо бемор мешаванд. Ё мардон дар гармои тоқатфарсои тобистон бояд болопӯшҳои зимистонаро ба бар кунанд ва кулоҳҳои гарм бар сар гузоранд. Онҳо гоҳо аз таъсири гармову ташнагӣ беҳол шуда меафтанд. Бо чунин ҳол ҳамаи ширкаткунандагон бояд ҳангоми наворгирӣ ба сӯи камера табассум кунанд, дар чеҳраҳояшон хушҳолӣ мушоҳида шавад.

Чунин намоишҳо бояд нишона ва бозтоби шукуфоии вазъи иқтисодиву зиндагии мардум бошад. Миллат аз он қаноатманд шавад. Вале намунаҳо низ ҳаст, ки устодон дар донишгоҳҳо аз донишҷӯён тақозо мекунанд, ки пули либос ва махориҷи дигарро аз хонаи худ оранд.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин намоишҳову ҷашнвораҳо танҳо ба ҳукумату давлат зарур аст. Онҳо бо чунин кор мехоҳанд зиндагии фақиронаи мардумро паси парда пинҳон нигоҳ доранд.

Туркманистон “Рӯзи милии дарахт” ҳам дорад ва мардум бояд дар ин рӯз дарахт бихаранд. Ва ё бояд дучарха бихаранд, то дар “Рӯзи милии дучархасаворӣ” ширкат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG