Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши латукӯби се афсари амниятии Қирғизистон


Расидагӣ ба ҳодисаи ҳамла, лату кӯб ва рабудани се афсари амниятии Қирғизистон оғоз шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ин се афсар, ки ҳоло дар бемористон муолиҷа мегиранд, рӯзи душанбе дар деҳаи Саруу дар вилояти Иссиқ Кӯл ҳангоми гаравгон гирифтан бераҳмона лату кӯб шудаанд.

Гаравгонгирон онҳоро саранҷом раҳо намудаанд. Ин афсарон раиси вилоятро ҳангоми мулоқот бо мардуми маҳаллӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Аҳолии маҳаллӣ миллӣ кардани бузургтарин кони тилло дар Кумторро тақозо доранд.

Ҳафтаи гузашта намояндагони порламон тарҳи қарордоди ҳукумат бо ширкати Centerra Gold-и Канадаро рад карданд ва гуфтанд, ки саҳми Қирғизистон дар ин қарордод бояд аз 33 то ба 67 дарсад боло бурда шавад. Барои ин кор ба ҳукумат то 23 декабр мӯҳлат дода шуд.
XS
SM
MD
LG