Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Амрико дар Бишкек номаи дорои пудраи сафед гирифт


Сафорати Амрико дар Бишкек мегӯяд, баъд аз гирифтани номае, ки дар дохили он як навъ пудра ё хока ошкор шудааст, ба расидагиву таҳқиқот шуруъ кардааст. Кормандони сафорат рӯзи сешанбе ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин нома рӯзи душанбе баъд аз расидан билофосила барои тафтиш фиристода шуд.

Тафтиш нишон додааст, ки ин хока хатар надорад. Вале дар бораи навъи ин хока чизе гуфта нашудааст. Ва ҳамчунин рӯшан нест, ки чунин номаро кӣ ва барои чӣ ба сафорати Амрико дар Бишкек фиристодааст. То ҳол касе масъулияти ин корро бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG