Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайримунтазираи Тонӣ Аббот аз Афғонистон


Тонӣ Аббот (акс аз бойгонӣ)
Тонӣ Аббот (акс аз бойгонӣ)
Тонӣ Абботт-нахуствазири Австралия рӯзи душанбе аз Афғонистон ба таври ғайримунтазира боздид кард, то дар маросими поёни ширкати нируҳои кишвараш дар муноқишаҳои Афғонистон ширкат ҷӯяд. Рӯзи сешанбе дафтари нахуствазир гуфт, ки Абботт ба ситоди нируҳои Австралия ба Тарин Кути Афғонистон омадааст. Вай зери тадобири шадиди амниятӣ дар Тарин Кут дар ин маросим ширкат ҷуст. Нируҳои Австралия дар давоми бештар аз як даҳсола дар Афғонистон 40 нафар низомиёни худро талаф додаанд.

Нируҳои Австралия ситоди худро ба нируҳои Афғонистон медиҳанд ва то охири моҳи декабри соли ҷорӣ бештари нируҳои онҳо аз ин кишвар хориҷ мешаванд. Ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 1000 нафар нируҳои Австралия мустақар мебошанд.

Аббот хуруҷи нируҳояш аз Афғонистонро “хушҳолии талх” арзёбӣ кард ва афзуд, бо вуҷуди ҳамаи тадобири анҷомшуда ин кишвар ҳамчунон маҳали хатарнок боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG