Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Кобулу Маскав марзро баҳс мекунанд


Марзбонони рус дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзбонони рус дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Муовини фармондеҳи неруҳои марзбонии Русия шоми имрӯз, сешанбеи 29 октябр бо як сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи марзбонии КДАМ зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «дар чорчӯби сафар Владимир Кулишов, муовини фармондеҳи неруҳои марзбонии Русия бо Шералӣ Мирзо, раиси идораи марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон дидору ва масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар масоили марзиро баҳсу баррасӣ хоҳад кард.»

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, фармондеҳи неруҳои марзбонии Русия аз хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар гузаргоҳи Панҷи Поён дидан хоҳад кард, ки дар ин ҷо мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон баргузор мешавад.

Ин сафар ва мулоқоти сеҷонибаи раҳбарияти ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон дар хати марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоле, сурат мегирад, ки қарор аст, то поёни соли 2014 неруҳои Эътилофи байналмилалӣ ё НАТО аз қаламрави Афғонистон шаванд.

Дар ин сурат мавзуи ҳифозати марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон матраҳ аст, ки кишварҳои аъзои СПАД, аз ҷумла Русия омодагии худро барои тақвияти ин марз эълон кардааст.

Ду рӯзи қабл низ Игор Лякин-Фролов, сафири Русия низ дар як ҳамоиши байналмилаӣ аз кӯмаки кишвараш барои ҳифзу таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сухан кард. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба унвони марзи ҷанубии кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар тули 1400 км бо Афғонистон марзи муштарак дорад.
XS
SM
MD
LG