Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни тундбод дар Аврупо


Теъдоди қурбониёни тундбоди шадид дар Бритониё, Ҳолланд ва шимоли Олмон то панҷ нафар афзоиш ёфт. Дар Шветсия ва Дания ба чанд бино осеб расидааст. Дар маркази Лондон як кран болои бинои ҳукуматӣ сарозер шуд ва ба ин хотир муовини нахуствазири Бритониё нишасти хабарияшро лағв кард.

Дар фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон бар асари тундбод 130 парвоз лағв шуд. Дар фурудгоҳи Схипхоли Амстердам 55 парвоз дар хатсайрҳои гуногун мавқуф гузошта шуд, дар бузургтарин бандари Аврупо – Роттердам низ рейсҳоро мутаваққиф карданд.

Офати табиӣ ҳаракати нақлиёти роҳи оҳанро дар шимоли Олмон масдуд намуд. Ширкати Deutsche Bahn тасмим гирифт, ки ҳаракати қаторҳо дар роҳҳои минтақаии минтақаи Шлезвиг-Голштейнро комилан қатъ кунад. Қаторҳо аз Берлин то Ҳанновер ва Ҳамбург чанд соат баъд аз вақти муқарраршуда расиданд.

Дар фурудгоҳи Ҳамбург тақрибан 1300 мусофир чанд соат дар дохили ҳавопаймоҳо боқӣ монданд – сарнишинҳо аз он ҳарос доштанд, ки берун шудани одамон аз ҳавопаймо метавонад барои ҳаёти онҳо хатар эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG