Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти "муфид"-и Аббос Арақчӣ ва Юкио Амано


Юкио Амано
Юкио Амано
Аббос Арақчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон музокирот бо Юкио Амано, раиси МАГАТЭ - Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаиро “муфид” арзёбӣ кард. Ин мулоқот рӯзи душанбе дар шаҳри Вена тақрибан як соат идома дошт. Ба иттилои хабаргузории Reuters, ҳадафи гуфтушунид – аз байн бурдани ихтилофи назар миёни Теҳрон ва ҷомеъаи байнулмилалӣ дар мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон буд.

Юкио Амано изҳор намуд, ки музокирот бояд ба пешрафти мушаххас дар қазияи барномаи ҳастаии Эрон мусоидат кунад. Қарор аст, ки музокирот рӯзи сешанбе идома кунад.

МАГАТЭ мехоҳад ба муассисаҳои ҳастаии Эрон, асноди зарурӣ ва намояндагони кишвар, ки ба масоили барномаи ҳастаӣ машғуланд, дастарӣ пайдо намояд ва ба ин васила то куҷо дуруст будани шакку шубҳа дар мавриди талошу имкони Теҳрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро муқаррар намояд.

Ҳукумати Эрон сару садоҳо дар бораи талоши сохтани бомби атомиро рад мекунад.

Интизор меравад, ки рӯзҳои 7-8 ноябр дар Женева даври навбатии музокироти ҳайати Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эрон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG