Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маргвелашвилӣ дар интихоботи Гурҷистон баранда шуд


Иванишвилӣ ва Маргвелашвилӣ

Иванишвилӣ ва Маргвелашвилӣ

Тифлис расман эълон дошт, ки Георгий Маргвелашвилӣ, номзад аз эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ”, барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Гурҷистон шудааст.

Шоми душанбе Комиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон натоиҷи муқаддамотии раъйдиҳӣ дар ин маъракаи сиёсиро нашр кард. Бар пояи ин санад, Георгий Маргвелашвили ба дарёфти беш аз 62 дар сади овозҳои интихобкунандагон муваффақ шудааст. Аз рақиби аслии ӯ Давид Бакрадзе, номзад аз Ҷунбиши ягонаи миллӣ, ки раҳбарияшро раисиҷумҳури феълӣ Михаил Саакашавилӣ бар ӯҳда дорад, тақрибан 22 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Нино Бурҷанадзе, номзад аз ҳизби “Ҷунбиши демократӣ – Гурҷистони воҳид” бо дарёфти 10 дар сади раъйҳо дар мақоми саввум ҷой гирифт.

Дар раъйдиҳӣ 46,6 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд. Бар пояи қонун, натиҷаҳои расмии интихоботи раёсатҷумҳурии Гурҷистон бояд тайи 20 рӯзи баъд аз рӯзи раъйдиҳӣ эълон шаванд.

Бидзина Иванишвилӣ, нахуствазири Гурҷистон, хабар дод, ки маросими савгандёдкунии раҳбари нави кишвар 17 ноябр баргузор мешавад. Ӯ афзуд, ки як ҳафта баъд аз ин маросим – 24 ноябр аз мақоми нахуствазири Гурҷистон истеъфо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG