Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эл Мундо: "Амрико аз паси Испониё ҷосусӣ мекард"


Як рӯзномаи испониёӣ санадеро нашр кардааст, ки ба қавли он нишон медиҳад, маъмурони Хадамоти Амнияти Миллии Амрико, дар зарфи як моҳ 60 миллион занги телефониро дар Испониё гӯш кардаанд. Рӯзномаи “Эл Мундо” рӯзи душанбе гуфт, ки санади мазкурро ба онҳо Эдвар Сноуден, корманди собиқи Хадамоти Амнияти Миллии Амрико додааст. Пештар аз ин, расонаҳои дигар гуфтанд, ки маъмурони амниятии Амрико, муколамаи телефонии миллионҳо нафар аз шаҳрвандони Фаронса ва телефонҳои Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро ҳам гӯш мекардаанд. Рӯзномаи “Волл Стрит Ҷорнал” рӯзи душанбе гуфт, ки баъди огаҳ шудани Барак Обама аз ин қазия дар моҳи августи имсол, Хадамоти Амнияти Амрико ҷосусӣ аз паси Ангела Меркелро бас кардааст. Дар як баррасии дохилии кораш дар моҳи август ин ниҳод, ошкор кардааст, телефонҳои миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони 35 кишварро гӯш мекардааст.
XS
SM
MD
LG