Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар майдони Тианмен се нафар кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, як мошини хусусӣ ба издиҳоми мардум дар майдони марказии шаҳри Пекин бархӯрда ва се нафарро куштааст. Хабаргузории расмии Синхуа гуфт, бар асари ин ҳодиса 11 нафар, аз ҷумла саёҳон ва афсарони пулис захмӣ шудаанд. Мошин рӯзи душанбе ба дарвозаи майдони Тианмен бархӯрда, оташ гирифтааст ва афроди кушташуда ҳар се дар дохили мошин будаанд. Сабабҳои ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Майдони Тианмен маҳалли тазоҳуроти тарафдорони демократия дар соли 1989 аст, ки бераҳмона саркӯб шуданд ва аз он замон то кунун бисёр сахт посбонӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG