Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико иддаои расонаҳои Олмонро рад кард


Мақомоти расмии Амрико гузоришеро рад карданд, ки дар он гуфта мешавад, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз қазияи гӯш кардани телефонҳои Ангела Меркел, садри аъзами Олмон хабар дошт. Вани Ванес, сухангӯи Хадамоти Амнияти Миллии Амрико, гуфт, гузориши рӯзномаи олмонии “Билд ам Зонтаг” дар бораи ин қазия “рост нест”. Вани Ванес афзуд, генерал Кейт Александр, раҳбари ин хадамот ҳеҷ гоҳ масъалаи ҷосусӣ аз паси Ангела Меркелро бо Барак Обама баррасӣ накардааст. Матбуоти Олмон рӯзҳои ахир бо такя ба санадҳои махфии Иёлоти Муттаҳида навиштанд, ки маъмурони амниятии Амрико аз соли 2002, телефонҳои Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро гӯш мекардаанд ва соли 2010 раиси ҷумҳури Амрикоро аз ин кор огаҳ кардаанд. Қарор аст, мақомоти расмии ду тараф ҳафтаҳои оянда масъалаи мазкур ва дигар ҳамкориҳои ниҳодҳои амниятии Амрикову Олмонро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG