Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Кобул. Раҳпаймоии эътирозомез алайҳи озор ва азияти занон


Рӯзи якшанбе шуморе аз занон дар як раҳпаймоии эътирозомез дар пойтахти Афғонистон, хостори поён бахшидан ба озор ва азияти занон дар ҷодаҳои Кобул аз сӯи мардҳо шуданд.

Эътирозгарон бо сар додани шиорҳо алайҳи озор ва азият занон аз сӯи мардон, хашми худро алайҳи ин падида дар ҷомеаи Афғонистон баён карданд.

Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 2012 рӯзи 25-уми ҳар моҳи милодиро ба унвони маъракаи ҳамагонӣ барои поён додан ба хушунат алайҳи занон таҳти номи "Рӯзи норинҷ" эълом намуд.

Шуморе аз заноне, ки дар раҳпаймоии рӯзи якшанбеи Кобул иштирок доштанд, чодарҳои ранги норинҷӣ ба тан карда буданд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG