Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ бе медал монд


Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо пирӯзии мунтахаби Русия ба анҷом расиданд.

Ин бозиҳо таҳти сарпарастии Созмони байнулмилалии «СпортАккорд», ки фаъолияти он ба рушди варзиш дар тамоми ҷаҳон равона шудааст, барпо гардиданд. Дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонӣ наздики 1,5 ҳазор варзишгар аз рӯи 15 навъи варзиш (ҳам навъҳои олимпӣ ва ҳам ғайриолимпӣ) рақобат карданд.

Бозиҳо дар се иншоот – маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербург» (дзюдо, айкидо, гуштӣ, сумо, шамшерзанӣ ва кендо), Қасри варзиши «Юбилейный» (кикбоксинг, бокси тайландӣ , бокс, ҷиу-ҷитсу, сават) ва Маҷмааи варзишии «Спартак» (таэквон-до, ушу, каратэ ва самбо) баргузор шуданд.

Аз рӯи натиҷагирии Бозиҳои дувуми ҷаҳонӣ варзишгарони 69 кишвар медалҳои мусобиқотро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 39 кишвар барандагони медалҳои тилло шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 93 медал (47 тилло, 20 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Фаронса бо касби 29 медал (12+8+9) ҷойи дувум ва Ҷопон бо касби 20 мелал (11+5+4) ҷойи севумро азони худ карданд. Эрон бо касби 17 медал (6+4+7) чорум ва Чин бо касби 17 медал (5+6+6) панҷум шуданд. Дар байни даҳ кишвари пешсаф, инчунин, Украина, Италия, Маҷористон, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайланд ҷойгир шуданд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 1. Русия (47+20+26). 6. Украина (4+16+14). 11. Озарбойҷон (3+1+2). 26. Беларус (1+2+3). 28. Узбакистон (1+1+2). 30. Эстония (1+1+0). 32. Қирғизистон (1+0+5). 35. Литва (1+0+1). 51. Молдова (0+1+1). 54. Арманистон (0+1+0). 54. Латвия (0+1+0). 60. Қазоқистон (0+0+2). 61. Гурҷистон (0+0+1). Вале варзишгарони Тоҷикистону Туркманистон аз медалҳои бозиҳо бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ аз Тоҷикистон танҳо се нафар дар мусобиқоти самбо миёни занон ширкат доштанд. Гулнора Насриддиноваи 19-сола дар вазни то 48 кг аз Лайло Аббасавали 23-сола (Булғористон) бо ҳисоби 0:10 ва Шабнам Гуловаи 16-сола дар вазни то 56 кг аз Даниэла Ҳондиуи 23-сола (Руминия) бо ҳисоби 0:8 мағлуб шуданд. Азиза Азизоваи 17-сола, ки дар вазни то 68 кг нахустин қувваозмоияшро ба Марина Мохнаткинаи 25-сола (Русия) бо ҳисоби 0:3 бохт, баъдан дар даври ниманиҳоӣ барои медали биринҷӣ аз Алисе Шлесингери 25-сола (Исроил) шикаст хӯрд.

Бояд тазаккур дод, ки дар нахустин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ соли 2010 дар Пекин аз Тоҷикистон 6 нафар дар риштаи бокс ва 2 нафар дар риштаи самбо ширкат доштанд. Сафовиддин Юсуфӣ, муштзани тоҷик, дар вазни 46-49 килограмм медали нуқра ба даст овард. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар байни 65 кишваре, ки соҳибони медалҳо шуданд, мақоми 26-умро касб карда буд.
XS
SM
MD
LG