Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргвелашвилӣ дар интихоботи Гурҷистон пирӯз гашт


Георги Маргвелашвилӣ дар чап
Георги Маргвелашвилӣ дар чап
Натиҷаҳои назархоҳӣ, ки дар Гурҷистон ба нашр расидааст, Георги Маргвелашвилӣ-номзади эътилофи ҳоким бо номи “Руъёи гурҷиҳо”-ро барандаи интихобот медонад. Бар асоси як назархоҳӣ вай 67 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Дар Гурҷистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар он 23 номзад ширкат карданд. Райдиҳандагон дар ин кишвар ба ҷои Михаил Саакашвилӣ, ки як даҳсолаи гузашта раиси ҷумҳур буд, раиси ҷумҳури нав интихоб мекунанд.

Номзадҳои дигар, аз ҷумла Давит Бакрадзе, ки аз ҷониби Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ пешбарӣ шудааст ва номзади дигар Нино Бурҷанадзе-раиси пешини порламон ва шахсияти маъруфи Инқилоби Садбаргҳо ба дунболи ҳам меоянд.
Бар асоси қонун номзади баранда бояд дар даври аввал 50 дарсади райи интихобкунандагонро ба даст орад. Дар ин кишвар тақрибан 3,5 миллион нафар аҳолии қобили рай вуҷуд дорад.

Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири Гурҷистон, ки ҷунбиши зери раҳбаррии вай тақрибан як соли пеш дар интихобот ҳизби Саакашвилиро шикаст дод, ҳамоно таъкид кардааст, ки баъд аз чанд ҳафтаи интихоби раиси ҷумҳури нав аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо медиҳад.
XS
SM
MD
LG