Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҳлиқо то пеши президент нарасид


Як гурӯҳи занони норозии Фархор (акс аз бойгонӣ)

Як гурӯҳи занони норозии Фархор (акс аз бойгонӣ)

Як зани фархорӣ , ки чанд сол боз бо мақомоти ин ноҳия баҳси замин дорад, рӯзи 27 октябр натавонист арзи худро мустақиман ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бирасонад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 октябр силсиласафари зоҳиран пешазинтихоботиаш ба минтақаи Кӯлобро шурӯъ кард. Хабарнигори Озодӣ дар минтақа мегӯяд, занони фархорие, ки баҳси заминашон бо мақомоти маҳаллӣ то ҳол ҳалл нашудааст, мехостанд, бо оқои Раҳмон мулоқот кунанд, вале онҳоро иҷозаи вуруд ба маҳалли вохӯрии президент бо мақомот ва мардуми маҳаллӣ надодаанд.

Яке аз ин занҳо Моҳлиқо Каримова барои расидан ба дидори президент ва расондани арзашон талоши зиёд нишон додааст, вале ҳангоми вуруд ба маҳалли ин вохӯрӣ масъулон ишора кардаанд, ки ин зан барои шикоят ба президент меравад ва бояд ӯро пас бигардонанд.

Моҳлиқо Каримова ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ин ишора ӯро як марде ки либоси мулкӣ дар тан дошт, чунон сахт тела дод, ки ба замин афтод ва аз ҳуш рафт ва замоне ба ҳуш омад, дид, ки дар берун аст ва дигар касе ҳам онҷо нест. Моҳлиқо Каримова мегӯяд: "Қариб даромада будам, ки як милиса гуфт, ки ҳамин занро барор. Вақте телаам доданду ҳушам рафт, кай оварда, дар берун партофтаанд маро, дигар намедонам. Як вақт ба ҳуш омадам, ки ду талабаи мактаб дар рӯям об мезаданд."




Занони норозии фархорӣ дар дафтари Озодӣ дар Душанбе

Занони норозии фархорӣ дар дафтари Озодӣ дар Душанбе

Моҳлиқо Каримова мегӯяд, он нафаре ки ӯро тела доду берун кард аз маҷлисгоҳ, аз мақомоти интизомии Фархор набуд, балки шояд аз онҳоест, ки барои таъмини сафари президент ба ин ноҳия аз берун сафарбар шудаанд.
Қабл аз сафари президент мақомоти маҳаллӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз шикояти мустақими сокинони норозӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи 154 сокини норозии ҷамоати «Ватан» ва «Сафармад» ваъда карда буданд, ки мушкили замини онҳоро ҳалл ва рӯзи 18 октябр дар ҳузури муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон барояшон қитъаҳои замин тақсим хоҳанд кард.

Қурбон Каримов, раиси ноҳияи Фархор рӯзи 17-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо қарори ҳукумати ноҳия барои ин занон дар ҷамоати «Ватан» 6 гектар ҷудо карда шудааст. Аммо ин кор дар ҷараёни боздиди Муродалӣ Алимардон аз Фархор анҷом нашуд. Худи оқои Алимардон дар шарҳи ин масъала гуфтааст, ба мақомоти маҳаллӣ амр додааст, ки мушкили ин мардумро ҳалл кунанд, вале метр ба даст гирифтану замин тақсим кардан кори муовини сарвазир нест.
Сокинони норозӣ гуфта буданд, ки акнун танҳо ба Эмомалӣ Раҳмон умед мебанданд ва мехоҳанд дар ҷараёни сафари президент ба Фархор шикояти худро мустақиман ба ӯ бирасонанд. Ду сол пеш 154 сокини ҷамоати “Ватан”-и ноҳияи Фархор то ба назди қасри раёсатҷумҳури Тоҷикистон омада, аз мақомоти маҳаллӣ шикоят карда буданд.

Мақомоти ноҳияи Фархор дар соли 2009 14,76 ҳектар заминро дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ҳамин ноҳия барои бунёди манзил ба сокинон тақсим карда буд. Аммо баъдан мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ хонда, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва идомаи сохтмони манзил дар ин заминҳоро манъ карданд.

Сокинони аз заминҳои худ маҳрумшуда ба идороти мухталиф ва ҳатто то президент шикоят бурданд, вале баҳси ин қазия 4 сол тӯл мекашад. Занони фархорӣ борҳо барои додхоҳӣ ба Кохи раёсати ҷумҳур ба додситонии кулл омаданд, вале талошҳояшон то кунун натиҷае надода буд. Онҳо аз тариқи расонаҳо низ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо аз додситонии кулл ва дастгоҳи президент мактуб гирифтаанд, ки асноди заминҳои онҳо қалбакӣ будааст. Худи сокинон бар ин боваранд, ки як гурӯҳ, бо шумули мансабдорони вақти маҳаллӣ, онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд. Онҳо мегуфтанд, баҳои иштибоҳи мақомотро набояд мардум бипардозад.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рӯзи 28 октябр аз ноҳияи Восеъ ва рӯзҳои баъд аз шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯрообод идома меёбад. Дар ноҳияи Шӯрообод раиси ҷумҳур дар маросими гушоиши пуле бар рӯи рӯдхонаи Панҷ, ки бо кӯмаки молии Олмон сохта шудааст ва тақрибан 160 метр дарозӣ дорад, ширкат хоҳад кард.

Ин боздиду мулоқотҳо бо мардум мулоқотҳои номзади интихоботӣ арзёбӣ намешавад, балки аз он боздиди кории раисҷумҳур ном мебаранд. Аммо 10 рӯз қабл аз интихобот сурат гирифтани ин сафар, ба бовари таҳлилгарон, худ нишон медиҳад, ки ҳадафи аслӣ интихобот аст ё чӣ?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG