Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Фархор боздид кард


27 октябр боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оғоз ёфт. Раиси ҷумҳур дар ноҳияи Фархор бо мардум мулоқот ва дар гушоиши чанд иншооти нав ширкат кард. Боздиди вай 28 октябр аз ноҳияи Восеъ ва рӯзҳои баъд аз шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯрообод идома меёбад.

Дар ноҳияи Шӯрообод раиси ҷумҳур дар маросими гушоиши пуле бар рӯи рӯдхонаи Панҷ, ки бо кӯмаки молии Олмон сохта шудааст ва тақрибан 160 метр дарозӣ дорад, ширкат хоҳад кард.

Ин боздиду мулоқотҳо бо мардум мулоқотҳои номзади интихоботӣ арзёбӣ намешавад, балки аз он боздиди кории раиси ҷумҳур ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG