Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай барои фармондеҳи Толибон ба Покистон фишор хоҳад овард


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҷараёни музокироти сеҷонибаи қарибулвуқуъ дар Британия ба Покистон фишор хоҳад овард, то маҳали иқомати фармондеҳи пешини Толибонро ошкор кунад. Аймал Файзӣ-сухангӯи Карзай рӯзи шанбе гуфт, ки Кобул аз Исломобод тавзеҳот хоҳад хост, ки маҳали дақиқи иқомати Мулло Абдулғанӣ Бародар дар куҷост. Файзӣ гуфт, ки шахсияти калидии пешини Толибон то ҳол зери “назорати шадид”-и мақомоти Покистон қарор дорад.

Рӯзи сешанбе Ҳомид Карзай бо Навоз Шариф-нахуствазири Покистон ва Дэвид Камерон-нахуствазири Британия мулоқот хоҳад кард. Ҳадафи раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар дар моҳи сентябр таҳкими равандҳои сулҳ дар Афғонистон арзёбӣ мешуд. Вале вай ҳанӯз дар Покистон дар ҳабси хонагист.

9 октябр Покистон изҳороти Толибони Афғонистонро рад кард. Дар он гуфта мешуд, ки Исломобод ваъдаҳои худро дар бораи раҳоии фармондеҳи дуввуми пешини онҳо иҷро накардааст.
XS
SM
MD
LG